dcsimg

Ёҳу ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Ёҳу (Larus) — як навъ паррандаи обист. Дарозии танаш 17—55 см, вазнаш 0,55—2,5 кг. Қаноташ дароз, думаш кутоҳ, нӯлаш одатан зарди чангакшакл, пойхояш сиёҳ, сурх ё зард (панҷаҳои пешаш нардаи шиноварӣ доранд); пару болаш зичи сертибит (бештар сафед). Ранги Ёҳу вобаста ба синну сол ва мавсим тағир меёбад. Дар сохили бахр, дарьё ва кулҳо зиндагй мекунад. Шиноварй хубест, барои гирифтани тӯъма чуқур ғута мезавад. Ёҳуҳо дар шахҳоӣ соҳил, найзор, буттаву дарахт ва ё лона сохта, 1—4 дона тухм мегузоранд (тухмашон якранг ё хол-хол), Аа тухм чуҷаи патдор мебарояд. Ё чуҷаашро то паррончак шудан мехӯронад. Дар Тоҷикистон 5 намуди Ёҳуҳо дар чазира ва сохилҳои дастнораси Зоркӯл, Яшилкӯл, Қарокӯли Помир (Ёҳуи сарсиёҳ — Larus ichtyetus ва Ёҳуи сарбур — Larus brunnicephalus), ҷариҳои соҳили кӯлу обанборҳои сунъӣ ва поёноби дарьёхо (Ёҳуи нуқрагун-Larus argentatus, Ёҳуи кабуд —Larus canus ва Ёҳуи кӯли — Larus ridibundus) маскун аст. Ҳашарот ва кирминаиҳо, нармбаданҳо, мушу каламушро хӯрда, ба хоҷагии қишлоқ фоида меорад. Ёҳу моҳӣ (асосан моҳиҳои камаҳмият) низ мехӯрад.

 src=
Ёҳу

Эзоҳ

Адабиёт

  • Абдусалямов И. А., Фауна Таджикской ССР, т. 19, ч. 1,
  • Птицы, Душанбе., 1971;
  • Степанян Л. С, Cocтав и распределение птиц фауны СССР, т. 1—2, М., 1975:
  • Птицы, Москва-, 1883.
license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Ёҳу: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Ёҳу (Larus) — як навъ паррандаи обист. Дарозии танаш 17—55 см, вазнаш 0,55—2,5 кг. Қаноташ дароз, думаш кутоҳ, нӯлаш одатан зарди чангакшакл, пойхояш сиёҳ, сурх ё зард (панҷаҳои пешаш нардаи шиноварӣ доранд); пару болаш зичи сертибит (бештар сафед). Ранги Ёҳу вобаста ба синну сол ва мавсим тағир меёбад. Дар сохили бахр, дарьё ва кулҳо зиндагй мекунад. Шиноварй хубест, барои гирифтани тӯъма чуқур ғута мезавад. Ёҳуҳо дар шахҳоӣ соҳил, найзор, буттаву дарахт ва ё лона сохта, 1—4 дона тухм мегузоранд (тухмашон якранг ё хол-хол), Аа тухм чуҷаи патдор мебарояд. Ё чуҷаашро то паррончак шудан мехӯронад. Дар Тоҷикистон 5 намуди Ёҳуҳо дар чазира ва сохилҳои дастнораси Зоркӯл, Яшилкӯл, Қарокӯли Помир (Ёҳуи сарсиёҳ — Larus ichtyetus ва Ёҳуи сарбур — Larus brunnicephalus), ҷариҳои соҳили кӯлу обанборҳои сунъӣ ва поёноби дарьёхо (Ёҳуи нуқрагун-Larus argentatus, Ёҳуи кабуд —Larus canus ва Ёҳуи кӯли — Larus ridibundus) маскун аст. Ҳашарот ва кирминаиҳо, нармбаданҳо, мушу каламушро хӯрда, ба хоҷагии қишлоқ фоида меорад. Ёҳу моҳӣ (асосан моҳиҳои камаҳмият) низ мехӯрад.

 src= Ёҳу Ёҳуи сарсиёҳ — Larus ichtyetus Ёҳуи сарбур — Larus brunnicephalus Ёҳуи нуқрагун-Larus argentatus Ёҳуи кабуд —Larus canus Ёҳуи кӯли — Larus ridibundus
license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia