dcsimg

Амфисбенаҳо ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Амфисбенаҳо (лот. Amphisbaenidae, аз юн. amphis — аз ду тараф ва baino — меравам;) — навъе аз хазандаҳо. Тақр. 140 намуд доранд.

Амфисбенаҳо дар Америкаи Ҷанубӣ, Мексика, Африка, Аврупои Ғарбӣ паҳн гаштаанд. Хусусан амфисбенаҳои ҷинси Amphisbaena сершуморанд (100 намуд мебошанд). Амфисбенаҳо бештар ҳаёти зеризаминӣ доранд. Ҷонварони кирмшакл буда, дарозиашон ба 35-70 см мерасад. Чашмони амфисбенаҳо дар зери пӯст ҷой гирифта, зоҳиран доғҳои тираро мемонанд. Думашон хеле кӯтоҳ аст; бештарашон по надоранд. Ғизои амфисбенаҳо ҳашарот, ҳазорпоён, арза (навъи кирм) ва дигар мавҷудоти бемӯҳра мебошанд. Дар зери замин то 2-6 дона тухм мегузоранд.

Эзоҳ

Сарчашма

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Амфисбенаҳо: Brief Summary ( Tajik )